Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён бо истифода аз гармхонаҳои доимоамалкунанда ва мавсимӣ, дар самти истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ расида, баҳри ғанӣ гаштани бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ, алалхусус помидору бодаринг ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми худро гузошта истодаанд.
БАХШИДА БА ҶАШНГИРИИ 75-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА РАЁСАТИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАР ЯКҶОЯГӢ БО БАХШИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НОҲИЯ, 2 НАФАР СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИРО АЁДАТ НАМУДА, КӮМАКИ МОЛИЯВӢ РАСОНИДА ШУД. ИНЧУНИН БА ОНҲО МАВОДҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ ДАСТРАС КАРДА ШУД.
Аз тарафи соҳибкорӣ ватандӯст Соҳибов Шамсулло ба ноҳия доруворӣ, маводҳои безараргардонӣ, ниқоби тиббӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба хусус COVID-19 кӯмак карда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати расонидани маводҳои тиббӣ ба ноҳия, миннатдории худро Соҳибов Ш баён намуда, тамоми маводҳои дастрас гардида, ба беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳои тиббии ноҳия расонида шуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ бахусус пандемияи навъи «COVID”-19 ва дастгирии соҳаи тандурустӣ, ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти Байналмиллалии “Каритас” –и давлатӣ Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи ин ташкилот, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофи
Бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳияи Кӯшониён ва вилояти Хатлон бо маводи антисептикии баландсифат, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия коргоҳи хурди истеҳсоли маводҳои антисептикӣ фаъолиятро оғоз намуд. Коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҳматов Шералӣ таъсис дода шудааст. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ 10000 дона маводи антисептикӣ истеҳсол менамояд.
Бо мақсади дастгирӣ аз иқдоми Пешвои муаззами миллат, Вализода Икромидин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён маоши вазифавии як моҳаи худро, ба суратҳисоби махсуси фонди маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи "COVID-19", гузарониданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.