Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва нақша-чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дар беморхонаи марказии ноҳия Ситоди доимоамалкунанда фаъолият менамояд.
Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва маълумот оид ба тадбирҳои андешида шуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешгирии бемориҳои сироятӣ, дар кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия гурӯҳои корӣ аз ҳисоби мутахассисон ва фаъолон корҳои оммафаҳмониро ба роҳ мондаанд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён, дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҷавон, корҳои фахмондадиҳиро бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ ва маълумот оид бемории "Коронавирус" СOVID-19, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, риоя намудани қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ, бо усуси хона ба хона” ба роҳ мондааст.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба гузаронидани чорабиниҳои дезинфексионӣ ва безараргардонӣ, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия, Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ ва шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ, марҳила ба марҳила тамоми кӯчаю хиёбонҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, ошхонаҳо, муассисаҳои динӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, биноҳо, утоқҳои кории ташкилоту идорақо,
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ, наздиҳавлигӣ ва гирифтани аз 3 то 4 ҳосил, аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Исосзода Диловаршоҳ ва роҳбарияти ноҳия аз хоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои назди
Имрӯзҳо насли нуҳуми навъи коронавирусҳо бо номи “Covid-19”, дар саросари ҷаҳон паҳн гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули давлатҳои абарқудратарин ба ташвиш оварда, ба сатҳи рушди саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти тамоми давлатҳо таъсири ногузирӣ расонида, ҳазорон нафар сироятёфтагон ҷон бохтанду садҳо ҳазори дигар мубталои ин пандемияи насли инсонкуш гардидаанд.
Аз номи занону модарон ва кулли аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб гардидан ба вазифаи пурмасъулият, вале пурифтихор самимонаву шодиёна таҳният менамоем. Рустами Эмомалӣ писар ва ё номбардори падарест, ки дар роҳи ватансозӣ, тавонистааст, ки давлату миллати бузурги тоҷикро аз нобудию парокандагӣ наҷот бахшад ва ба бахти ин миллати ситамдидаву ҷафокашидаи тулли ду қарн, сулҳу сафо, осоишу амнияти ҷовидона эҳдо намояд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.