Бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳияи Кӯшониён ва вилояти Хатлон бо маводи антисептикии баландсифат, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия коргоҳи хурди истеҳсоли маводҳои антисептикӣ фаъолиятро оғоз намуд. Коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҳматов Шералӣ таъсис дода шудааст. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ 10000 дона маводи антисептикӣ истеҳсол менамояд.
Бо мақсади дастгирӣ аз иқдоми Пешвои муаззами миллат, Вализода Икромидин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён маоши вазифавии як моҳаи худро, ба суратҳисоби махсуси фонди маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи "COVID-19", гузарониданд.
Бахшида ба ҷашнгирии 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бо мақсади қадрдонӣ ва дастгирии молиявии иштирокчиёни ин набард, аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримиёни Имомназар корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҳомид Бобоев Ва ва Шариф Саторов аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кадомашон 6000 сом
Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ба хусус навъи “Коронавирус-“СОVID-19” ва доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти қисми низомӣ, аз тарафи бригадаҳои махсуси омодагардидаи қисми низомии ҳарбикунонидашудаи 07017-ӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ, дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён, кӯчаю деҳаҳои дар назди қисми низоми ҷойдоштаро, бо истифодаи нақли
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба хусус “Коронавирус-“СОVID-19” тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корҳои безараргардонӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия бо маром идома дорад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигӣ ва вусъат бахшидани корҳои оммафаҳмонӣ, оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз тарафи фаъолони ноҳия, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, корҳои таблиғотӣ ҳамарӯза бо усули “Хона ба хона” дар ин самт боз ҳам пурзур намуда истодаанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, кормандони шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарӣ эпидемиологӣ ва Маркази пешгирии бемориҳои тропикӣ, ҳамаррӯза тамоми муассисаҳои таълимӣ, муасисаҳои динӣ, нуқтаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро безараргардонида истодаанд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.