Хар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.
9 сентябри соли 2019, таҷлили 28 умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳи обии барқии Роғун аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.
Тоҷикистон дар остонаи руйдоди муҳиме, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. 9 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як руйдоди муҳими сарнавишсоз ба вуқуъ пайваст, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Дар ин рӯзи фархунда чархаи дуюми яке аз иншооти муҳиму бузурги аср неругоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда шуд.
Санаи 10 сентябри соли 2019 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар маҷлиси машваратиашон И.в раиси ноҳияи Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба 28 умин солгарди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор роҳбарони корхонаву ташкилот ва муовинони раиси ноҳияро бо ифтихорнома ва сипосномаҳо барои фаъолияти самаранок ва меҳнати пурмасъул ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ сарфароз гардониданд.
Дар доираи Нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён як қатор иншоотҳои ҷашни ба нақша гирифта шуда марҳила ба марҳила сохта ба истифода дода шуда истодаанд.
Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахшида ба 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9.09.2019 дар қисми ҳарбии 07/017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии ҳарбию ватандӯстӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Бахшида ба ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 5 сентябри соли 2019 дар маркази ноҳия, ҷавонону наврасон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия, бо як рӯҳияи идона, дар даст ҳаргуна шиору овезаҳо ва парчами миллӣ, ки таранумкунанда сулҳу суботи кишвар ва аз соҳибистиқлоли диёрамон шаҳодат медиҳад, роҳпаймоӣ намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.