Рӯзи 18 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, доир ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ, таҳти роҳбари муовини раиси ноҳия ва аъзоёни комиссия оид ба мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид.
Рӯзи 5 уми феврали соли равони дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён озмуни «Дастархонороӣ» бо иштироки Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виляти Хатлон Сафарбек Шарифзода, Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳои иштрок намуданд.
Санаи 14 феврали соли равон дар МТМУ №20 Ҷамоати шаҳраки И.Сомонии ноҳия Вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Мутхассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммад Шарипов, Директори маркази ВНМО-и ноҳия Миралиев Маҷид, Намояндаи ШВКД-и ноҳия Саъдуллозода Сайфиддин, котиби Комиссияи оид ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Шарипова Шарифмоҳ, Намояндаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷумахони Бобохон, оид ба паҳн кар
Имрӯзҳо сокинони сарбаланди ноҳияи Кӯшониён, сиёсати созандагию ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ қарор дода, инчунин бо эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, барои ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳо, рӯзҳои истироҳатӣ бо як рӯҳияи баланди ватандӯсти хештаншиносӣ ва ободкорӣ ба шинонидани гулу буттаҳои ҳамешасабз мебароянд.
Санаи 12 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия доир гардид. Дар нишаст муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Рӯзноманигорон аз тамоми намояндагии васоити ахбори оммаи вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Санаи 7 феврали соли 2019 аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандустии наврасону ҷавонон ва пешгирии аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва инчунин ҷалб намудани ҷавондухтарони деҳот ба таҳсил нақшаи муштарак таҳия гардида дар доираи ин нақша баргузории 35 суҳбату вохуриҳо дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён ба нақша гирифта шудааст.
ТТЭ ҲН ба дигар гуруҳҳои мухолифин имрӯзҳо хеле фаъол гашта, тариқи расонаҳои интернетӣ суҳбату гузоришҳои гуногунро баррасӣ менамоянд. Дар баромади навбатиаш роҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ давоми ду соат оид ба суолҳои воридшуда посух гуфт.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.