6 ноябри соли равон, дар рӯзи таҷлили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки дар ноҳияи Кӯшониён ҷойгир аст, савгандёдкунии 135 нафар наваскарон, бо иштироки А.Латифзода, генерал майор, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарияти қисми низомӣ ва падару модарони наваскарон бо тантана баргузор гардид.
Рӯзи 6 ноябри соли равон, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Бобиободи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия, филиали мактаби миёнаи умумии №60 барои 60 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, фаъолони ноҳия, омӯзгорони муасисаҳои таълимӣ ва сокинони деҳа дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.
Рӯзи 5 ноябри соли равон, дар толори Кохи фарҳангӣ ноҳия, бо иштироки Вализода Икромиддин Сироҷидин, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассиса ва сокинони ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Рӯзи 31 октябри соли равон, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бозии финалии Ҷоми вилояти Хатлон-2019 миёни дастаҳои “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон ва “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Рӯзи 31 октябри соли равон, бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории миллӣ» баргузор гардид. Дар кори Конференсия, Зебо Шерализода, судяи суди ноҳияи Кӯшониён, К.Нурмаҳмазода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, А.Амирзода, ёрд
Мо натанҳо ҷавондухтарон, ҳар як зан-модар имрӯз бо ифтихор мегӯяд, ки ман як Ватан дорам, номаш Тоҷикистон мебошад!
Тоҷикистон дар остонаи 25- умин солгарди ҷашни Конститутсияи нави давлати демократӣ, соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягона қарор дорад. Бо шарофати истиқлолият ва озодии воқеӣ буд, ки мо аз бумбасти коммуникатсионӣ расман баромадему дар роҳи баромадан аз истиқлолияти комили энергетики ва таъмини амнияти озуқаворӣ гомҳои устувор гузоштем. Конститутсияи мо ҳуҷҷати таърихӣ, симои миллати куҳанбунёдимо мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонашро таъмин намудааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.