ВОКУНИШ:Мо шаҳрвандони мамлакат шукр аз он дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем. Тоҷикон аз замони қадим ҳамчун халқи соҳибхирад ва маданиятпарвар ба шумор рафта таърихи кӯҳан доранд. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони истиқлолият ва дар сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем.
Вокуниш: Хоинони нотавонбини миллати мо ба мисли Муҳиддин Кабириву Ҳусейн Ашӯрову Иқболу Салмону дигар асолатбохтагони кӯрнамак тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи моро чашми дидан надоранд ва бо нотавонбинӣ, фитнаангезӣ, буҳтон ва дурӯғафканӣ мехоҳанд ба шуури созандаи мардум, хусусан ҷавонони саодатманди ин миллати куҳанбунёд, ки пайравони асилу воқеии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ворид шаванд ва бехабар аз онанд, ки тир
Андеша: Мо дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳ 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бояд зикр кард, ки ҷиҳати мустаҳкам гардидани Истиқлолияти давлатӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
АНДЕША: Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он имрӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаҳои бузурги миллиамон рӯзи Парчами давлатӣ ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.
АНДЕША: Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷавонон, дар умум барои миллати тоҷик мояи ифтихору сарфарозӣ аст. Чунки маҳз дар ин рӯз фаъолияту талошҳо ва хизматҳои беназири таърихии Президенти кишварамон ва дастоварду муваффақияти корашон таҳлил ва баррасӣ карда мешавад. Аз ҷониби дигар, таҷлили Рӯзи Президент - ин арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги шахсиятест, ки умри хешро сарфи роҳи ободиву осудагии Ватан ва хушбахтии миллат намудаст.
ВОКУНИШ:Мо шаҳрвандони мамлакат шукр аз он дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем. Тоҷикон аз замони қадим ҳамчун халқи соҳибхирад ва маданиятпарвар ба шумор рафта таърихи кӯҳан доранд. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони истиқлолият ва дар сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем.
Андеша: Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба - солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.