АНДЕША: Аз қадимулайём миллати тоҷик ба ҳаққу ҳамсояҳо арҷ мегузорад. Ҳамсояи наздик ва хубро аз хеши дур беҳтар медонад. Дар давоми 1000-соли охир халқи тоҷик ба сари касе ханҷар накашидааст. Бо фалсафаи инсонпарварӣ ва ҳикмати фарогир башариятро тарбия кардааст. Ҳамчун миллати фарҳанги пешрафта бо пешниҳод кардани маҷмӯи қавонини тарбиявӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ном баровардааст.
ВОКУНИШ: Мардуми Тоҷикистон ҳамавақт ба тавсири ҳамешагӣ, сиёсати сулҳхоҳонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдори ва пуштибонӣ намуда, барои пойдории он саъю талош мекунанд. Роҳи интихобкардаи мардуми тоҷик ин сулҳу амният, ободкорӣ, ваҳдату якдигарфаҳмии тамоми сокинони Тоҷикистон аст, ки ин роҳи аз санҷишгузашта ва ояндасози миллат мебошад.
Вокуниш: Чи тавре ки аз расонањои иттилоотӣ маълум гардид, рӯзҳои 14 ва 16 сентябри соли равон марзи сарҳадӣ аз ҷониби қирғизҳо тирборон карда шуд, ки дар натиҷа якчанд нафар захмӣ гардида, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Ин бори аввал нест, ки қирғизҳо барои марзу бум шуда, ба сари миллати тоҷик оташ мекушоянд.
Вокуниш. Инсоният дар ҳама давру замон дӯстиро баландтарин арзиш ва дастоварди ахлоқиву иҷтимоӣ медонистанд. Муҳити дӯстӣ ҳамеша муҳити солим ва нишодбахш аст, муҳитест, ки дили инсонро ба зиндагӣ гарм месозад. Яке аз асосҳои дӯстӣ бовар кардан ба ҳамдигао аст. Мо дидаем, ки нобоварӣ ба ҳамдигар чи фоҷеаҳоеро ба бор меоварад.
Андеша: Ҷавонон нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишварамон маҳсуб меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи ҷавонон пешрафта, имрӯз гуфтору рафтор, одобу ахлоқ ва муносибати онҳо ба зиндагӣ беҳтар гардида, дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷавонон хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад. Муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди комилҳуқуқи Тоҷикистон аст.
Вокуниш: Дар як қатор давлатҳои ҷаҳон то ҳанӯз ҷангҳои харобиовар идома дошта, оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст. Мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои экстремистӣ дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон шудааст. Ҳамасола, чандин нафароне ёфт мешаванд, ки барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои экстремистӣ боздошт мегарданд.
Таджики во все времена были мирными народами! Всегда стремились сделать хорошие дела в благополучие себе, окружающим и соседям! Мы таджики всегда боремся за свои права и СВОБОДЫ нашей страны! Мы всегда готовы бороться против того, кто подвергает опасность нашей Родине. Мы хорошо знаем, что террористические группы является врагами мира и спокойствия, поэтому каждый гражданин Таджикистана считает необходимым объединиться и встать против него.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.