Вокуниш: Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.
ВОКУНИШ: Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд.
Шукри истиқлолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
АНДЕША: Инак Тоҷикистон азизу биҳиштгуна идвораи бузург, ҷашни шодию нишот дорад, ки он 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатист. Мардуми шукргузори Тоҷикистон ҳар нафас аз неъмати бебаҳои истиқлол, сулҳу субботу Ваҳдати куллӣ нӯши ҷон кардан доранд, ки аз хостаҳою ормонҳои умдаи иҷтимоӣ буда, мардуми аксар кишварҳо, ки дар меҳвари низоъҳо қарор доранд, аз ин накҳати ҷонбахш бенасибанд.
АНДЕША:Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдор аст, ки 30 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябри расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.
АНДЕША: Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 1991 ба даст омад, оқибатҳои сангини таърихиро ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик дигарбора овард, ки шаҳдашро начашид аллакай заҳр пошиданд. Агар давраҳои таърихии миллати тоҷикро варақ занем, бараъло мебинем, ки дар байни миллати тоҷик фарзандони хиёнаткор барои манфиатҳои хеш шуда, миллат, давлат ва хешу ақрабои худро мефурӯшанд.
ВОКУНИШ: Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.