Субҳи ин вайронаем аз файзи навмедӣ мапурс,
Хоки мо бар бод рафту олами иқбол рехт.
То паре афшондаем, аз осмонҳо бартарем,
АНДЕША:Дар солҳои 70-уми асри гузашта дар вазъи сиёсии Афғонистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. 17-уми июли соли 1973 собиқ сарвазири Афғонистон Муҳаммад Довуд- писар-амаки шоҳи Афғонистон - Муҳаммад Зоҳиршоҳ бо дастгирии як гурӯҳ афсарон табодуллот гузаронда низоми шоҳеро сарнагун кард. Дар аввал мардум хукуматро дастгирӣ намуданд. Аммо барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки Муҳаммад Довуд эълон карда буд, амалӣ нагардид.
АНДЕША: Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи 30 сол заҳматҳои ва кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додаанд, то ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат барқарор гашта, оромӣ пойдор бимонад. Айни ҳол маълум аст, ки Ҷумҳурии Афғонистон дар остонаи фалокатборӣ қарор дорад.
АНДЕША: Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кишвари ба Тоҷикистон ҳамсоя мебошад ва дар он кишвар тоҷикон ҳам зиндагӣ мекунанд. Халқи афғонро риштаҳои таърихию фарҳангӣ ва динӣ бо халқи Тоҷикистон мепайвандад. Ин кишвар бо Тоҷикистон сарҳади тӯлонӣ дорад. Баъди он ки 15 августи соли 2021 Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, дар ин сарзамин тартиботи асримиёнагиро ҷорӣ карданд.
АНДЕША: Дар тули асри XX ва ибтидои асри XXI Афғонистон чанд марҳилаи навсозӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти бунёдии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ- иқтисодӣ ва фарҳангиро аз cap гузаронидааст, вале новобаста аз имкониятҳои васеи сиёсӣ ва фарҳангию маънавӣ бештари онҳо ноком анҷом ёфтанд.
АНДЕША: Буҳрони сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон беш аз чор даҳа идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмуи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятии минтақа пайванд гардидаааст.
АНДЕША: Мулоқоти гуфтушунидҳои сарони ду давлат Тоҷикистону Эрон дар мавриди вазъи Афғонистон дар сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон инчунин, дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот ҷонибҳо аз вазъи Афғонистон мавқеъгирӣ намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.