Суолест, тули чанд моҳи охир мавриди пешгуи ва баҳси коршиносони масоили сиесӣ, сӯҳбати сари мизии фаъолони ҷаҳон ва муҳокимаи кулли шаҳрвандон гардидааст. Хатари доман паҳн кардани фаъолият ва амалиётҳои ғайриинсонии чунбиши толибон сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Чунбиши толибон бо роҳи зулм, истибдод, қатл ва ангехтани тарсу ваҳм кишварро соҳиби карданд.
Устодони гиромӣ!
Хонандагони азиз!
Вокуниш: Воқеаҳои Афғонистон имрӯзҳо дар саросари олам расонаӣ гардида, мавриди баҳсу нигарониҳо гаштааст. Мардуми Афғонистони ҳамсоя беш аз 40-сол аст, ки аз фазои ноором, хунрезиву террерҳои ғайричашмдошт ва низоъҳои мусаллаҳона азият мекашанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда воқеаҳои охирин, ки ҳаракати радикалии Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд ва барои бунёди давлати исломӣ омодагӣ мебинанд, вазъияти сиёсӣ бозҳам печидатар гардидааст.
АНДЕША: Тоҷикистони азизи мо си сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг пеш рафта, рушд меёбад. Мардумаш аз паи ободиию созандагӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки сол аз сол кишварамон ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад. Ба ҳар як шаҳрванд айён аст, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар иншоотҳои бузургу пуриқтидор, роҳҳои васею мунфарши аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқидошта ба истифода дода шудаанд.
Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд.
Андеша:Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати дилфиребу афсонавӣ, кӯҳҳои сарбафалаккашида, рӯдҳои шӯхи кӯҳӣ, оби чашмаҳои мусаффо як сарзамини биҳиштиро мемонад. Дар даврони 30- соли Истиқлолият кишвари мо таҷассумгари тамаддуни бузурги миллатамон гардид.
АНДЕША:Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳҳои охир вазъияти сиёсӣ дар кишвари Афғонистон бо сабаби ҳаракатҳои ҷангҷӯёнаи Толибон ниҳоят муташанниҷ ва муракаб гардидааст. Чунин вазъият тамоми минтақаҳои ҷаҳон ва махсусан кишварҳои ҳамсарҳади Афғонистонро нигарон намудааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.