ВОКУНИШ: Муҳиддин Кабирӣ ба халқу ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Муҳиддин Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обрӯи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғи бемаънияш дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан мехоҳад.
ВОКУНИШ: Рӯзҳое, ки фаромушнашаванда аст, ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Ин рӯзҳои сахте, ки ба сари миллати тоҷик омада буд, асло дигар наояд. Шахсан худи ман сокини Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1992 шавҳари худро аз даст додам. Чор кӯдаки ятимро бе падар ба воя расонидам. Имрӯз, ҳар яки фарзандонам оиладор аст. Шахсан худи ман намехоҳам, ки ин хоини Ватан Муҳиддин Кабириро ба ном ба забонам гирам.
Халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-умин сол аст, ки ба пеш, барои ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста фаъолият дорад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як фарди ҷумҳурӣ маълуму машҳур аст.
ВОКУНИШ: Сиришти инсон ба он хотир аз гул офарида шудааст, ки ҳалиму хоксор ва фурутаниро дар ниҳоди худ ҷой диҳад. Ҷаҳлу нодони ба инсонҳои рост меояд, ки бидуни худро фаромуш кардаву ба ҷони ҳазорон нафарон зулму ситамро раво дода хуни ноҳақ мерезанд. Куштору хунрезӣ овардан ба хеши суни маҳзаб намезебаду фалокат боқи мемонад.
Имрӯз, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки тамоми кормандони корхонаву ташкилотҳо ва сокинон, тамошои дастаҷамъонаи эълон гардидани натиҷаи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 90,92% пирузиро ба даст оварданд.
Субҳи барвақти имрӯз, оғоз аз соати 6-00, бо садо додани Суруди миллӣ, дар тамоми участкаҳои интихоботии ноҳияи Кӯшониён маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Рафти ин маъракаи муҳими сиёсӣ, бо риояи талаботҳои беҳдошти тиббӣ ва риояи масофа, дар тамоми участкаҳо ба роҳ монда шудааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.