Кӯшониён: Баргузории чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Имрӯз, бахшида ба “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, чорабинии идонаи маънавию-фарҳангӣ баргузор гардид.Инчунин дар чорабинӣ роҳбарони ташкилоту идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорони фанни забони тоҷикӣ ва нависандагону шоирон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо риояи беҳдошти тиббӣ санитарӣ ва риояи масофа ҳангоми нишаст доир гардид.

Миёна: 5 (1 овоз)

ПАЁМИ Табрикотии раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин бахшида ба “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Баъди ба тавсиб расидани Қонуни забон дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)

Хоинони миллат ба ҳадафҳои ғаразонаи худ намерасанд

       ВОКУНИШ:Вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатқои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва тавсиа ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус, ҳамгирии Коронавируси нав, боз ҳам ноустувору мураккаб ва ҳассос гардидааст. Бемории COVID -19, ки дар ибтидо ҳамчун бӯҳрони соҳаи тандурустӣ сар зада буд, тадриҷан боиси бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид. Чунин вазъ, албатта, аз мо амалҳои ҳар чӣ бештар фаъол ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.

Миёна: 5 (1 овоз)

ВОКУНИШ БА ХИЁНАТКОР МУҲИДДИН КАБИРӢ

    Халқ ва мардуми баруманди тоҷикро аз қадиммулайём бо бузургон ва шахсиятҳои барҷастаи худ аз қабили Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Балъамӣ, Абӯрайҳон Берунӣ ва дигар бузургон мешиносанду эҳтиром менамоянд. Ин шахсиятҳо тавонистан бо асарҳои созанда ва ғазалиёти дилнавози худ тавонистаан ҷамъиятро ба роҳи рост ва дуруст роҳнамоӣ намоянд, ки ин барои мардум ниҳоят муҳим аст.

Миёна: 5 (1 овоз)

Кӯшониён: Ба даъватшудагони хизмати ҳарбӣ, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд

       Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ, рӯзи 1 октябри соли равон, дар комиссариати ҳарбии ноҳия, бо иштироки раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва бо иштироки даъватшудагон ва волидони онҳо ба як қисм ҷавонони даъватшуда, марҳилаи якуми супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ баргузор гардид.

Миёна: 5 (1 овоз)

Кӯшониён: Баргузории “Рӯзи даъватшаванда” ва сафарбарии 70 нафар ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан

«Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».

Миёна: 5 (1 овоз)

Ташкилоти террористӣ экстремистӣ ҳизби наҳзати исломи ва хатари он ба ҷомеа

ВОКУНИШ: Оғози давлатдории мустақили тоҷикон бо шиддатгирии равандҳои сиёсӣ- тазоҳуроту табаддулот дар заминаи фалаҷгардии ҳокимияти давлатӣ бо дахолати нерӯҳои сиёсии хориҷа рост омад. Нақшаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон иқдоми ногаҳонӣ набуда, ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ аз ҷониби тарроҳони хориҷӣ таҳия шуда буд.

Миёна: 5 (1 овоз)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.