Ҷавононе, ки бори аввал овоз медиҳанд, аз тарафи Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Субҳи имрӯз, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия мисли дигар сокинони сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳия, дар участкаи интихоботии рақами 2-и ноҳия, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон ба номзади арзандаи худ овоз доданд.
Рости дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, агар аз як тараф ҳамаи ҷароҳатҳои солҳои 1990-ро дар қалби занону модарон тоза намояд, аз тарафи дигар пеш аз ҳама занонро ҳушдор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр бошанду ба доми ин гуна хоинони ватанфурӯш наафтанд ва нагузоранд, ки ба фазои сулҳу ором ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азизамон халал ё зараре ворид шавад, чунки хиёнат ба Ватан гуноҳест кабиру авфнопазир.
Омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолии мардум ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ, бори дигар собит кард, ки сокинони сарбаланди Тоҷикистон ҳамдилу ҳаммароманд. Онҳо ғояи ваҳдати миллӣ, манфиатҳои миллию давлатиро амиқ дарк карда, ба воқеият аз рӯи ақли солим баҳо медиҳанд. Ба хотири ояндаи дурахшони халқу Ватан ҷаҳду талош мекунанд.
Аз рӯи ин мавзӯъ, ки 29 сентябри соли 2015 ҳаракатҳои ҷинояткоронаи террористии Муҳиддин Кабирӣ бо далелҳои қотеъ исбот шуданд аз ҷониби суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид. Ҷудоихоҳон ва ҷаллолдони асри ХХI бо ҳаракатҳои бе ҷои худ амнияти босуботи кишварро халалдор намуда истодаанд. Ин ҳам бошад гурӯҳӣ ҷинояткорон дар ноҳияи Данғара, ки ба сайёҳони хориҷӣ ҳамлаи бераҳмона намуда, ба фоҷиаи ғамангез боис гашт.
Намоиши навбатии филми мустанади “Хиёнат”, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар МТМУ№54-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, бо фарогирии сокинони деҳаҳои Элтӣ, Аҳсанобод, Лолазор ва Янгифарғона доир карда шуд, ки дар он тамоми фаъолони ин деҳаҳо иштирок намуданд.
Миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки зарари ин ҷанги хонумонсӯз ба ҳар як оилаи тоҷик расидааст. Яке писарро дигаре падарро ва сеюмин ёру бародарро аз даст додаанд. Хоинону душманони миллати тоҷик мехостанд ин халқу миллатро тору мор карда аз байн баранд. Бо амри Худованди бузург аз байни халқ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот диҳад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.