Намоиши навбатии филми мустанади “Хиёнат”, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар МТМУ№54-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, бо фарогирии сокинони деҳаҳои Элтӣ, Аҳсанобод, Лолазор ва Янгифарғона доир карда шуд, ки дар он тамоми фаъолони ин деҳаҳо иштирок намуданд.
Миллати тоҷик ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки зарари ин ҷанги хонумонсӯз ба ҳар як оилаи тоҷик расидааст. Яке писарро дигаре падарро ва сеюмин ёру бародарро аз даст додаанд. Хоинону душманони миллати тоҷик мехостанд ин халқу миллатро тору мор карда аз байн баранд. Бо амри Худованди бузург аз байни халқ шахсеро ба мо ато намуд, ки ин миллат ва давлати тоҷикро аз парокандагӣ наҷот диҳад.
ВОКУНИШ: Ташкилоти террористи экстремистии собиқ ҳизби наҳзат, таҳти роҳбарии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, замоне Тоҷикистони маҳбубамонро ба гирдоби бало кашидаву рӯзҳои сахту шумеро ба сари халкҳои он пеш овард. Шароити мураккаби сиёсии ватани азизамон заминаеро ба вуҷуд овард, ки замоне ва лаҳзае пасон давлати Тоҷикистон ба шикаст рӯ ба рӯ гардида, аз байн мерафт.
Намоиши навбатии филми мустанади “Хиёнат” тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар МТМУ-№6 Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо фарогирии сокинони деҳаи Дилбар доир карда шуд, ки баъд аз тамошои филми мазкур, сокинони ин маҳал бори дигар аз бедодгариҳои собиқ ҳизби наҳзат ва аъзоёни он воқиф гашта, амалҳои онҳоро маҳкум намуданд.
Намоиши навбатии филми мустанади “Хиёнат” тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар МТМУ-№3 Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо фарогирии сокинони деҳаҳои Меҳнатобод ва Ваҳдатобод доир карда шуд, ки дар он тамоми фаъолони ин деҳаҳо иштирок намуданд.
Ҳар кӣ бо душмани халқ равонаст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хӯрад.
Бо мақсади ошкорсозии амалҳои хиёнаткоронаи роҳбарият ва аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНӢ, тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, марҳила ба марҳила дар деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия намоиши филми мустанади “Хиёнат” баргузор гардида истодааст. Намоиши аввали ин филм дар деҳаҳои Дониёркул, Навҷувон ва Ҳофизи Шерозии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод доир карда шуд, ки дар он тамоми фаъолони ин деҳаҳо иштирок намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.