«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар яки мост».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо мақсади иҷрои Амри раиси ноҳия, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, корҳои оммафаҳмониро бо усули “Хона ба хона” дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Заргар аксияи таблиғотӣ таҳти унвонӣ “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”-ро дар якҷоягӣ бо гуруҳӣ волонтёрони ҷавон баргузор намуда истодаанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳояи Кӯшониён ҷиҳати пурзур кардани чораҳои зидипидимикӣ барои пешгирии интиқоли ҳаргуна бемориҳои сироятӣ аз ҷумла Коронавирус ва тарғиби тарзи ҳаёти солим корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои иттилоотиро дар ҳудуди деҳаи Элтии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия ба роҳ монданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, ҳар рӯзҳои шанбе субҳи барвақт, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" баргузор мегарданд.
«Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти чойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, таҳти рақами 1466, оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳавасманд намудани даъватшудагон ва таъмини онҳо бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ тасмим гирифта, буд ки зиёда 100 нафар ҷавонони даъватшавандаро бо шаҳодатномаҳои ронандагӣ таъмин намояд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 №13-98 “Оид ба андешидани чораҳои пешгирикунанда, паҳншавии бемориҳои сироятӣ”, Амри раиси ноҳия аз 2 апрели соли 2020, №27 ба тасвиб расида, дар асоси он, Ситод оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия, бо мақсади таъмини амнияти саломатии сокинони ноҳия таъсис дода шуд, ки ҷаласаи Ситод ҳаммарӯза баргузор гардида истодааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.