Санаи 8 апрели соли равон, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори Шӯро Амиршо Раҳимов, муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Фақир Саъдуллоев, котиби Шӯрои вилоятӣ, Баёзи Саидҷаъфар, котиби масъули Шӯрои вилоятӣ, роҳбарияти ноҳия ва аъзоёни Шӯрои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳӣ миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, сохтмонӣ иншоотҳои ҷашнӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, санаи 4 апрели соли равон таҳти роҳбарии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, вохӯрии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномзода Маҳмадюсуф Сайдалӣ бо фаъолони ноҳи
Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар бо волидони ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд баргузор шуд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, санаи 1 апрели соли равон, комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва кор бо ҷавонон ва варзиш” бо иштироки тамоми аъзоён, масъулини соҳаҳои дахлдор, ҷаласаи якуми худро баргузор намуд.
Мехоҳам андешаи худро дар бораи як нафар корбари фейсбук Абдулло Саид Аҳрор, ки дар баромади суҳбати рӯ ба рӯи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, хиёнат карда дар ҳаққи давлат, мардуми тоҷик Кабирӣ баромад мекард баён созам.
Бо мақсади таҳрезӣ ва шиносоӣ бо нақшаи кории комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён “Оид ба одоби вакилон”, ки аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст ва муайян намудани котиби комиссия, санаи 31 марти соли равон, ҷаласаи аввали аъзоёни комиссия баргузор гардид. Дар ҷамъомад фаъолияти минбаъда ва нақшаи кори барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифта, котиби комиссия аз ҳисоби аъзоён муайян карда шуд.
«Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар - Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд».
Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.