Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, дӯстию рафоқат байни ҷавонон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, мусобиқаи варзишии футбол байни деҳаҳои ноҳия ташкил гардида, бозии аввал байни деҳаҳои Ҷамоати шаҳраки Бохтариён баргузор карда шуд. Дар фарҷоми бозӣ, иштирокчиёни мусобиқа бо медалу Сипоснома аз ҷониби бахш қадрдонӣ карда шуданд.
Дар асоси Амри раиси ноҳия, сардори мудофиаи граждании ноҳияи Кӯшониён аз 28 феврали соли равон, таҳти рақами №2 ва Нақша-чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2020, бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии ноҳия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 10 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ситоди мудофиаи гражданӣ ва санаи 11 марти соли равон дар деҳаҳои Дӯсти ва Сарипул
“Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аксияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён, бахшида ба “Рӯзи модар”, таҳти унвони “Модарҷон-ман туро дӯст медорам”.

Суратгузориш: Аёдати модарони собиқадори меҳнат, аз тарафи роҳбарияти ноҳия, бахшида ба муносибати “Рӯзи модар”.

Санаи 7 марти соли равон, дар Кохи фарҳанги ноҳия, бахшида ба муносибати ҷашнӣ “Рӯзи модар”, бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва бонувони тамоми ташкилоту идораҳо, собиқадорони меҳнат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, аҳли нишаст ва дар симои онҳо тамоми бонувони ноҳияро бо ин ҷашни мубораку хотирмон самимона табрику таҳният гуфта барояшон рӯзгори нек, тансиҳативу хонаободӣ таманно намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.