Дар доираи сафари корӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти ноҳия аз гармхонаҳои навбунёди парвариши сабзавотҳои барвақтӣ, дар хоҷагии деҳқонии ба номи Имоми Аъзами Ҷамоати деҳоти “Навабаҳор”-и ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд. Ин силсилаи гармхонаҳо аз ҷониби соҳибкор Бедимоғов Давлатёр дар майдони 1 гектар замин ташкил шудаанд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти ноҳия ва дигар шахсони расмӣ, дар вазъияти тантанавӣ Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази ноҳия, шаҳраки И.Сомонӣ ифтитоҳ намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поя, бо баландии 51 метр қомат афрохта, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, дар доираи сафари кории худ ба ноҳия ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён ва дигар шахсони расмӣ, аз гармхонаҳои навбунёди лимӯпарварӣ, дар деҳаи “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти “Заргар” дидан намуданд. Гармхонаҳо аз ҷониби соҳибкор Салоҳиддин Исмоилзода, бо маблағи як миллион сомонӣ дар майдони як гектар бунёд гардидааст.
Дар идомаи сафари корӣ, Қоҳир Расулзода Сарвазири мамлакат, Қурбон Ҳакимзода раиси вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва дигар шахсони расмӣ, дар деҳаи “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, маркази саломатии деҳотиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин иншоти соҳаи тандурустӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида
Зимни сафари кории худ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва дигар ҳайати расмӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён бинои иловагии таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11-ро, дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вализода Икромидин Сироҷиддин ва дигар шахсони расмӣ, дар деҳаи “Барои Ҳосилот”-и Ҷамоати деҳоти “Заргар” роҳи мумфаршшударо бо дарозии 4,5 километр мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мумфарш ва чароғонкунии роҳи деҳа аз тарафи соҳибкорон, оилаи Исмоиловҳо ва аҳолии деҳаи Б
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 20 марти соли равон сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Кӯшониён, дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин сафари корӣ, Сарвазири мамлакатро Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён ҳамраҳӣ намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.