“Вакилон бо дар назар доштани манфиатҳои милливу давлатӣ фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таҳкими ваҳдату субот ва пешрафту ободии мамлакат мегузоранд”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидаанд, инчунин дар доираи идомаи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 27 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Заргар, вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо сокинони ҷамоат баргузор гардид.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористӣ-эктремистӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ аз кишварҳои аврупоӣ бо дурӯғу буҳтонҳои ғаразнок пайваста баромад намуда, ба оромиву осудагии ҷомеаи кишварамон халал ворид месозанд. Наҳзатиҳо аз солҳои нахустини истиқлолият борҳо бо муборизаҳои пинҳонию ошкоро кӯшишу талош меварзанд, ки дар кишварамон табаддулот ворид намуда, соҳиби давлату сохтори сиёсии динӣ гарданд. Онҳо барои расидан ба ин ҳадафу мақсадҳои но
Пайравони ташкилоти экстремистӣ террористии собиқ Ҳизби Наҳзат дар давоми фаъолияти худ барои бадном кардани давлати Тоҷикистон ҳар гуна амалҳои хиёнаткоронаву нангин содир намуда, туҳмату буҳтон бофта, сулҳу ваҳдатро дар кишварамон халалдор кардан мехоҳанд. Шукри яздони пок, ки оқибат ин бадкирдорон ба мақсадҳои нопоку ғаразноки худ нарасида ба кишварҳои бегона роҳи гурез пеш гирифтанд.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати С. Истиқлоли ноҳия, кишти пахта бо истифода аз техника ва техналогияҳои муосир бо вусъат рафта истодааст. Тибки нақша дар ин хоҷагихо 230 гектар пахтаи зери пленка гузаронида мешавад. Истифодаи технологияи муосири кишти пахта ва тухмии бо сифат имкон медиҳад, ки кишоварзон ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
"Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати зиёд кардани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот чораҳои қатъи андешанд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.