Имрӯз, бахшида ба рӯзи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи роҳбарияти ноҳия як қатор иншоотҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, ҳамзамон 6 нафар собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд. Дар шаҳраки И.Сомонӣ маркази хизматрасонӣ иборат аз мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, дорухона ва мағозаи фуруши либосҳо, ки аз тарафи соҳибкор Қузиев Асрор сохта шудааст, дар рӯзи ҷашнӣ миллӣ ба истифода дода шуд.
Сараввал бо камоли ифтихор ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бо фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро бароятон таманно дорам.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории Коронавирус ва иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати пурзур намудани корҳои беҳдоштӣ, оммафаҳмонӣ ва дигар чорабиниҳои ба ин масъала вобаста, рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе Ситоди корӣ дар назди муовини раиси ноҳия ва ҳамарӯза дар Беморхонаи марказии ноҳия Ситоди доимоамалкунанда баргузор гардида истодаанд.
«Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Хушбахтона даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубу биҳиштосоямон дар асоси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву иҷтимоии мардуми шарафманду хуштолеъи кишвар як қатор пешравиву навгониҳо ба вуқӯъ пайваст.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва накша чорабиниҳои шуъбаи Раёсат дар ноҳия дар моҳи августи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар ҳудуди ноҳия аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳия капитан Қуватзода Д, дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар ноҳия, бахши ҷовонон ва варзиши ноҳия инчунин кормандони шуъбаи маориф ва рӯ
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.