Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори Кӯшониён аз 11 апрели соли 2020, таҳти рақами 302, оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳия, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, даври навбатии озмун байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд, ки дар он довталабон фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври навбати роҳхат гирифтанд.
Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои қатъи, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ба хусус навъи Коронавирус “COVID-19”, вусъати корҳои оммафаҳмонӣ бо усуси “хона ба хона”, дар бинои Беморхонаи марказии ноҳия, таҳти роҳбарии Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия ва бо иштироки аъзоён ва кормандони тиб, ситоди кории доимоамалкунанда баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм-экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидаи вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд. Дар ҳақиқат, ин ҳолатро дар Шарқи наздик, Осиё, Африкои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст.
Дирӯз дар хоҷагии деҳоти «Саховат»-и ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Кӯшониён семинар оид ба «Роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон» бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Саховат”-и Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия, семинари амалӣ ҷумҳуриявӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло баргузор гардид.
Имрӯз бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳо ва тамоми намояндагони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.