Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор барои ошкорсозии хиёнатҳои собиқ ҲН дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” конфиренсия баргузор карда шуд.

Баҳри пешгирӣ намудани офатҳои табии ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфноки ноҳия аз 2 то 9-уми июли соли ҷорӣ аз ҷониби Сардори шуъба капитан Қуватзода Д, афсари калони шуъба лейтенанти хурд Сафаров Э, ва афсари шуъба лейтенант Раҳматов Ҷ, ва дар ҳамбастагӣ бо кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ва бо ҷалби аҳолии деҳа аз масолеҳои сохтмонии ҷудошуда то ба имруз 16 (шонздаҳ) адад тахтасангҳои оҳани бетонӣ (кубик) баҳри барқа
Вақтҳои охир ба тариқи расонаҳои иттиллоти ба воситаи роҳбарияти собиқ ҲН ба вазъиятӣ иҷтимои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муғризонае интишор мешавад, ки фазои идеологии кишварро фаро мегирад. Роҳбарияти собиқ ҲН бар хилофи масъаллаи бунёди аслии ҳизби худ риёкорона ҷонибдории хешро аз арзишҳои демократи ва ҷомеаи мардумсолор вонамуд мекунад. Ин ба ҷуз замонасозӣ ва бозии сиёсӣ чизи дигаре нест.
Дар баробари гарм шудани ҳаво ва фаро расидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаби надонистани қоидаҳои дурусти шиноварӣ даҳҳо нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода истодаанд. Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби беаҳамиятии падару модарон ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва бо сабаби оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ғарқ шуданд.
Ҳар ҳафта рӯзшои шанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Кӯҳониён 20 нафар кормадон ва варзишгарон барои кӯмак ба оилаҳои зарардида аз офатҳои табии ба ноҳияи Хуросон сафарбар карда мешаванд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва бо дастгириии соҳибкорону сокинони маҳҳал, Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳалим Раҳим зиёда аз 400 метр корҳои сафолакпуш намудани роҳравҳо оғоз ёфта, бо маром идома дорад.
Бо мақсакди пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, риоя намудани масофаи байни якдигар ва гигиенаи шахсӣ бо супориши муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеология, роҳбарони бахшу шуъбаҳои соҳаи идеология дар ҳудуди 8 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти нохия аксияи «Бо ниқоб бош» дар байни аҳолӣ ва дар ҷойҳои ҷамъиятию серодам сӯхбатҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ҳамзамон 1040 адад ниқобҳо ройгон ба шахсоне, ки бе ниқоб гашту гузор мекарданд, тақсим карда шуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.