Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Саховат”-и Ҷамоати деҳоти С.Истиқлоли ноҳия, семинари амалӣ ҷумҳуриявӣ оид ба роҳҳои зиёд намудани истеҳсоли картошка дар кишти такрорӣ дар шароити минтақаҳои вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло баргузор гардид.
Имрӯз бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳо ва тамоми намояндагони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кӯшониён, имрӯз дар маркази ноҳия, ярмаркаи навбатии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид. Дар чорабинӣ 8 ташкилоту идораҳои ноҳия иштирок намуда, 134 ҷойи корӣ холӣ пешниҳод намуданд. Аз 200 нафар шаҳрвандони бекори дар чорабинӣ иштирок дошта, аз ин 15 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб гардида ва ба 12 нафар роҳхат дода шуд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон азҳоб ва созмонҳои «Ал-Қоида» Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ихвон-ул-муслимин», «Лашкари Тайиба (пок)», Ҷунбиши «Толибон», Созмони озодибахши «Туркистони шарқӣ», «Ҷамоати таблиғ», «Тоҷикистони озод», «Гурӯҳи исломӣ», «Созмони таблиғ», «Ҳизб-ул-таҳрир», «Салафия», «Гурӯҳи 24» ҲНИТ-ро террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онҳоро дар Тоҷикистон қатъ эълон кардааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии қисми осебпазирӣ ҷомеа ба хусус шахсони имконияташон маҳдуд, аз тарафи роҳбарияти ноҳия, ба 3 нафар шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз ин шумора 2 нафарашон кӯдакони ноболиғ, аробачаи маъюбӣ ва маводи ғизоӣ дастрас карда шуд.
Шоми дирӯз бо ташаббуси волонтёрон, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия чорабинии мақсаднок, ҷиҳати пешгири аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 дар майдони Исмоили Сомонӣ воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ, кӯчаи И. Сино гузаронида шуд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Изатуллозода Б., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён, дар Ҷамоати деҳоти Ориён барои ошкорсозии хиёнатҳои аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ, дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, бо фаъолон ва сокинон
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.