Андеша: Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу фаҳмиши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал доштан зарур аст.
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ВОКУНИШ: Мардуми тоҷик аз қадим сулҳпарвару ободкору таҳамулкорои ва сулҳу дӯсти ҷонибдори тинҷию ороми ном баровардааст. Ҳар яки мо мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдори сулҳу ваҳдат ва осоиштагии тамоми кишварҳои дунё мебошем. Муносибатҳои дӯстонаро бо ҳамсоякишварҳо дар мадди аввал мегузорем.
ВОКУНИШ: Оромиву осудагии кишвари соҳибистиқлоламон гарави шукуфоию пешрафт аст. Чанд соли охир маҳз сулҳи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ халқҳои Тоҷикистонро якдасту ҳамдил карда, заминаи устуворе барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд овард.
ВОКУНИШ: Ҳодисаҳои рӯзҳои охирини дар Бадахшон рӯйдода собит намуданд, ки ҷинояткороне чун Мамадбоқир Мамадбоқиров ва пайравонаш аз рӯи сенарияҳои тарҳрезишудаи хоинони миллату давлат, барои манфиатҳои худашон амал мекардаанд.
ВОКУНИШ: Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм таҳдид мекунад. Маълум аст, ки пайи ин кор нафарони гандумнамои ҷавфурӯш баҳри ноором сохтани минтақа ва ё маконе барои манфиат бурдан амалӣ кӯшиш мекунанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар ин аст, ки воқеаҳои моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022 дар ВМКБ ҳар як шаҳрванди кишварамонро водор месозад, ки баҳри орому осудагии миллату давлатамон бетарафиро ихтиёр накунанд.
ВОКУНИШ: Тариқи телевизиони Бадахшон изҳороти охири Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Бадахшонро тамошо кардам. Дар ин изҳорот бо сабаби муноқишаҳои дохилии гурӯҳҳои муташаккил кушта шудани яке аз саркардагони гурӯҳи ҷиноии шаҳри Хоруғ Мамадбоқир Мамадбоқиров сухан мерафт. Бояд қайд намуд, ки ин нафар ҳамчун як ҷинояткор ва наркобари ин минтақа ҳисоб шуда, як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнинро иҷро кардааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.