Вокуниш: Ҳақ ба ҷониби шоири шаҳир Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823 - 1873) мебошад, ки ин мисраи шеъриаш дархури замони мост. Як гуруҳ хоинону душманони давлату миллати тоҷик ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров, Иқболи Садриддин, Салмону Абдураҳмони - 09 ва ғайраҳо дар ҳақиқат "Фитнаҷӯёни замон" мебошанд ва инҳоро тарбият кардан нашояд ва инҳо тарбият намегиранд!
Вокуниш: Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.
ВОКУНИШ: Чи хеле ки ҳамаи мо медонем ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд. Имрӯз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад.
ВОКУНИШ: Вазъи имрӯзаи ҷаҳон басо мураккабу печида мебошад. Тариқи расонаҳои гуногуни иҷтимоӣ падидаҳои номатлуб ва ниҳоят хатарнок баррасӣ мешаванд, ки барои пайдоиш ва густариши ифроту тундгароиҳо замина мегузоранд. Қишри асосие, ки ба ин созмону гуруҳҳо пайваст мешаванд, аксар ҷавонон мебошанд. Аксар ҷавононе, ки тундгароиву ифротӣ ҳастанд, заъфи равонӣ доранд ва ин ҳолат сабаби интихоби сарнавишташон мегардад.
Андеша: Сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун, ки иншооти азими аср ба ҳисоб меравад, яке аз ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, заминаи воқеии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Баландии сарбанди нерӯгоҳ 3395 метр аст. Ғунҷоиши об дар нерӯгоҳ бошад, ба 13,5 миллиард метри мукааб мерасад.
ВОКУНИШ: Моро мебояд, ки барои таъмини амну осоиши кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фитриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳм гирем, мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва субот даъват намоем. Мардум ва бахусус, ҷавонон бояд хуб донанд, ки терроризм ва экстремизм ба дин, мазҳаб ва миллат рабт надорад ва ба ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткорӣ ин мубориза бар зидди дин нест.
Вокуниш: Имрӯзҳо воқеаҳои ҳузнангези Бадахшон ҳар як сокини кишварамонро ба ташвиш овардааст. Гарчанде вазъият дар ин минтақаи кишварамон ба эътидол омада бошад ҳам, то ба ҳол ҳастанд нобасомониҳое, ки боиси нигарониҳо мебошанд. Боиси таассуф аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ амну субот ва ҳаёти осоиштаи Бадахшонро халалдор ва осебпазир месозанд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.