ВОКУНИШ: Терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, он хатар ба ҷони шаҳрвандони бегуноҳ ва заволёбии давлату миллат шуда метавонад. Мутаассифона, бо пайдо шудани интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолияти онҳо боз ҳам бештар гардид. Зеро онҳо ба воситаи интернет фаъолияти худро ба роҳ монда, нафарони зиёд, хусусан, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил кардан мехоҳанд.
ВОКУНИШ: Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад.
ВОКУНИШ:Яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрӯза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро аз решааш хушк намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
АНДЕША:Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифт мавриди таваҷҷуҳи амиқи аҳли ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифтааст.
ВОКУНИШ: Вазъи ҷаҳони ва сиёсати имрӯзаи давлатҳои абарқудрат тақозо мекунад, ки халқиятҳои давлатҳои кучак ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои ҳимояи суботи кишвари худ камари ҳиммат баста, сиёсатмадори созандае бошанд. Зеро дар сиёсати як қатор давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омада, дар таърихи ин кишварҳо саҳифаи нав дар ҳимояти манфиатҳои давлатҳои гуногун дида мешавад.
ВОКУНИШ: Имрӯз, ҳар як сокини кишварамонро воқеаҳои дар минтақаи Бадахшон рӯйдода бетараф гузошта наметавонад. Мо дар ҳайрат ҳастем, ки чаро имрӯз ҷавонони бадахшони фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ гардида, даст ба ҷинояту ҷинояткориҳо мезананд? Воқеаи дигаре, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша лату кӯб гардидани Сардори Раёсати маорифи Бадахшон Лутфулло Наврузов мебошад, ки басо нигароникунанда аст.
АНДЕША:Воқеаҳое, ки тайи чанд моҳи охир дар Бадахшон рух доданд, боиси ташвиш ва нигарониҳои мардум гардидааст. Мо хеле таассуф мехурем, ки ҷавонон даст ба амалҳои ношоиста зада, чандин нафар кормандони прокуратура, раиси вилоят, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва маорифро азобу шиканҷа дода, нооромиҳоро ба вуҷуд оварданд. Ҳамзамон, ба ин гуруҳи ҷиноятпеша даҳҳо ҷавонони дигар пайваста, даст ба бетартибиҳо заданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.