ВОКУНИШ: Моҳи гузашта дар Бадахшон каме ноҷуриҳои дохилӣ сар зад, ки боиси нигаронӣ гашт. Дар давлате, ки волоияти қонун ҷойи худро пайдо карда бошад, ягон нохалафе мақсадҳои нопоки худро амалӣ сохта наметавонад, чуноне, ки дар урфият мегӯянд: «Зӯри беҳуда миён мешиканад». Ҷавонони саодатманди Бадахшон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, пайи созандагии пешрафти кишварамон камари мардонагӣ баста, дар ободонии гӯшаю канори зодгоҳашон талош варзанд.
Андеша: Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамасола ироаи Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём дастурест барои фаъолияти минъбаъда ва раҳнамоест барои татбиқи ҳадафҳои созанда.
АНДЕША: Вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳонӣ муосир, мураккабшавии фазои геополитикӣ, ошкоро сурат гирифтани таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, коҷоки маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайрирасми ва дигар вазифаҳои мубрами амниятӣ, нуқтаҳои асосии Паёмро ташкил кард.
АНДЕША: Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризм ва ифротгарои мебошад.
АНДЕША: Мо ҷавонони миллатем, Ояндасози давлатем. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеъии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат ва миллат мебошанд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо дар маркази таваҷҷуҳи хоссаи пешвои миллат қарор доранд, зеро ободии давлат дар дасти ҷавонон аст.
Вокуниш: Чанд вақт аст, ки як зумра хоинони миллати тоҷик дар давлатҳои Аврупо панаҳ бурда, хешро мазлуму зулмдида меҳисобанд ва аз худ ҳомиву пуштибони дини мубини ислом тарошида, чунон вонамуд мекунанд, ки аз онҳо дида донандаи улуми дину масоили илми шариат нест ва ба ин васила диққати мардумро ба худашон ҷалб кардан мехоҳанд. Ин тоифа бо барномаҳои пур аз таҳқиру ғайбату дурӯғ ва дигар амалҳо зидди давлату миллати худ баромад карда истодаанд.
АНДЕША: Маводи филми Бешарафӣ ба таври аёнӣ ва аз нигоҳи илмӣ равшан месозад, ки чӣгуна муҳити носолими оилавӣ ва гурӯҳӣ метавонад сарнавишти як инсонро тираву торик гардонад. Дар оилаи хурофотии Қаландари Садриддин, ки баъзеҳо ӯро Мулло Қаландар меномиданд, ба дунё омада, Муҳаммадиқболи Садриддин аз хурдӣ бо фисқу фасод мувоҷеҳ гардидааст.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.