Имрӯз 23 феврали соли равон, дар кучаи марказии шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия, бо иштироки роҳбарият ва беш аз 1500 нафар сокинони ноҳия ҳамоиши калони тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш, ҷавонони синни даъватӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо нишон додани аломатҳои ва гузаштани паради ҳарбӣ, рафти чорабиниро боз ҳам хотирмону дилнишин намуданд.
Рӯзи 23 феврали соли равон, чун анъанаи нек ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар рӯзи ҷашнгирии Артиши миллӣ, 3 нафар собиқадорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Сафаров Валиҷон, Абдувоҳидов Абдуғанӣ ва Маҳмадраҷабов Бобоёр аз тарафи роҳбарияти ноҳия аёдат гардида, ҳамзамон кӯмакҳои моддӣ ва пулӣ карда шуд.
ВОКУНИШ: Рафтори М. Мамадбоқиров норизоии ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор оварда, боиси нигаронии мардуми кишвар гардидааст. Мо ҳамагон бояд нисбати ин ҳодиса бетараф набошем ва ин амали авбошонаро маҳкум намоем! Боиси таассуф аст, ки дар Бадахшон ин гуна нафарони муштзӯру ҷинояткор то ҳол боқӣ мондаанд ва ҳуқуқи шаҳрвандонро бо ин кирдору рафтори ношоистаашон поймол менамоянд ва обрӯи мардуми ин минтақаро коста мегардонанд.
Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён, муроҷиати ҷавонони ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо намуда, нигарон аз он ҳастем, ки онҳо пуштибони аз амалҳои ғайриқонунии Гулбиддин Зиёбеков намуда, аз кирдорҳои ӯ ва ҳамраҳони ҷиноаткораш дар ҳудуди вилоятро нодида гирифтанд. Мақомотҳои дахлдори давлатӣ ҳодисаҳои ба амал омадаро шарҳу тавзеҳ дода, бо далелу таҳлилҳои амиқ амалҳои ғайриқонунии ҷиноаткоронро пешниҳод намуданд.
Вокуниш: Вақтҳои охир бо айби баъзе фардҳои каммағз, ки бо баҳонаҳои беасосу пуч вазъи кишвар ва фазои Бадахшонро ноором карданӣ мешаванд, боиси нигаронии мардуми сулҳдӯсти тоҷик гардидааст. Таҳдиду таҳқири Мамадбоқир нисбат ба Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи ВМКБ боиси қаҳру ғазаби мардум гардид. Мамадбоқир бо ин амали ноҷавонмардонааш чеҳраи воқеиашро нишон дод.
АНДЕША:Воқеаҳое, ки тайи чанд моҳи охир дар Бадахшон рух доданд, боиси ташвиш ва нигарониҳои мардум гардидааст. Мо хеле таассуф мехурем, ки ҷавонон даст ба амалҳои ношоиста зада, чандин нафар кормандони прокуратура, раиси вилоят, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва маорифро азобу шиканҷа дода, нооромиҳоро ба вуҷуд оварданд. Ҳамзамон, ба ин гуруҳи ҷиноятпеша даҳҳо ҷавонони дигар пайваста, даст ба бетартибиҳо заданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.