ВОКУНИШ: Дар расонаҳои хабарӣ паҳн гардид, ки Сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзов Лутфулло аз тарафи ҷинояткори шаҳри Хорӯғ Мамадбоқиров Мамадбоқир мавриди зарбу лат қарор гирифтааст. Ин рафтори М. Мамадбоқиров норизоии ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор оварда, боиси нигаронии мардуми кишвар гардид. Мо ҳамагон бояд нисбати ин ҳодиса бетараф набошем ва ин амали авбошонаро маҳкум намоем.
Вокуниш: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносанд ва эътироф мекунанд. Амалҳое, ки вақтҳои охир дар ВМКБ аз ҷониби лидерони ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои тундрави ҷинояткор рӯй дода истодааст, бешубҳа метавонад дар амнияту оромии кишвари азизамон таъсир расонад.
Имрӯз 11 феврали соли 2022, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳия, барои соли 2021 баргузор гардид.
“Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад”
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Вокуниш: Латукӯб намудани Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро аз тарафи Мамадбоқир Мамадбоқиров тамошо намуда, бо нафрати бениҳоят зиёд рафтори ҷинояткоронаи ин шахсро МАҲКУМ менамоям! Ин рафтори ӯ ҷоҳилона, ҷинояткорона ва барқасдона аст! Ин гуна нафарон бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ ба рушду тараққӣ ёфтани ВМКБ роҳ намедиҳанд. Дигар дар Тоҷикистон солҳои 92-юм нест, ки бо муштзӯриву истифодаи силоҳ касе чӣ хеле хост, рафтор намояд!
ВОКУНИШ: Чӣ тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, шиканҷа ва латукӯб гардидани Сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзов Лутфулло аз тарафи саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткори шаҳри Хорӯғ Мамадбоқиров Мамадбоқир боиси нигаронии мардуми кишвар ва бадахшониҳо буда, бо амалаш ин инсон(агар инсон ҳисобида шавад!) худро ба мардуми Тоҷикистон пурра шиносонд!
ВОКУНИШ: Аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гардидам, ки сокини Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латукӯб намудааст. Ин рафтори М. Мамадбоқиров амали сирф ҷинояткорона мебошад ва ҷонибдори онам, ки нисбати ӯ фавран чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ҷинояту ҷинояткорӣ падидаи номатлуби ҷомеа буда, аз ҳамагон муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.