Кирдори М. Мамадбоқировро маҳкум менамоем!

      Вокуниш: Тариқи Телевизиони Бадахшон навори латукӯб намудани Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон, Лутфулло Наврӯзовро аз тарафи Мамадбоқир Мамадбоқиров тамошо намуда, гуфтаниям, ки замони "муштзӯрӣ" гузаштааст. Ин амали ҷинояткоронаи ин ӯро маҳкум менамоем! Ӯ ба ин рафтор ҳақ надошт! Ин гуна нафарон то ҳол худро "ҳоким"- мутлақ мепиндоранду ба кирдорҳои ҷинояткоронаи худ идома медиҳанд!

Миёна: 5 (1 овоз)

НИСБАТИ ҶИНОЯТИ СОДИРШУДА ЧОРАҲОИ ҚОНУНӢ АНДЕШИДА ШАВАД!

    ВОКУНИШ: Навори мавриди латукӯб қарор гирифтани Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон, Лутфулло Наврӯзовро аз тарафи сокини Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров тамошо кардам. Ҳаминро гуфтаниям, ки ин амали М. Мамадбоқиров ҷинояткорона мебошад ва нисбати ӯ дар доираи қонунҳои амалкунанда чора андешида шавад. Боварӣ дорам, ки мардуми Бадахшон ин гуна нафарони ҷинояткорро ҷонибдорӣ намекунанд. Бадахшониҳо ба ин гуна нафарони ҷиноятпешаву муштзӯр зарурат надоранд.

Миёна: 5 (1 овоз)

МУАЛЛИМРО ЛАТУКУБ КАРДААНД?

    ВОКУНИШ:Муаллим, омӯзгор, устод аз гурӯҳи калимаҳоеанд, ки зери он ҳазор ҳазор маъно ва рангу мазмуни зебо тасвир мегардад. Аслан МУАЛЛИМ нафарест, ки дар ташаккули шахсияти ИНСОНҳо нақши бориз мегузорад! Ва ҳар нафаре, ки аз мактаби омӯзгор баҳра бурдааст, якин шахсони ҳунарвару саодатманд ба камол расида, барои амали нек талош варзида, рӯзгори шоистаро интихоб карда, дар амну осоиши ҷомеа саҳми арзишманд хоҳанд гузошт!

Миёна: 5 (1 овоз)

ВОРУХ НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДИ ТОҶИК!

        ВОКУНИШ: Авзои сиёсии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои нави гузариш ва бисёр мураккаб қарор дошта, аз башарият, хусусан мардуми тоҷик ҳушёриву зиракии амиқро талаб мекунад. Мазмуну муҳтавои ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳову суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд. Ҳодисаҳои солҳои охир дар марзи Ворух бо Қирғизистон инро собит карда истодааст.

Миёна: 5 (1 овоз)

ОН, КИ ҶАНГ ОРАД, БА ХУНИ ХЕШ БОЗӢ МЕКУНАД!

      Вокуниш: Халқи сарбаланду шарифи тоҷик аз қадимулайём ҳамчун як мардуми сулҳпарвару ободкор, босабру таҳаммулгаро ва сулҳдӯсту ҷонибдори тинҷиву оромӣ ном баровардааст.

Миёна: 5 (1 овоз)

БАДАХШОНИ ОРОМУ ОБОД ОРЗУВУ МАРОМИ МОСТ!

      Вокуниш: Мухолифини давлати мо ин шабу рӯзҳо дам нагирифтаву ҷоғ сар дода, сару садоҳое мезананду зидди давлату миллат буҳтонномаҳо эҷод мекунанд. Доир ба Бадахшон ҳар гуна дурӯғу бофтаҳои навбатии худро пахш карда, мардуми ин минтақаи Тоҷикистонро ба ҷангу кашмакашиҳо таҳрик дода истодаанд. Наҳзатиёну тарафдоронашон М. Кабирӣ, И. Садриддин, Салмон, Ҳ.

Миёна: 5 (1 овоз)

Наҳзатиёну пайравони онҳо хоинони миллатанд!

    ВОКУНИШ: Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд, ин тоифаи нотавонбин. Тариқи шабакаҳои интернетӣ, онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Миёна: 5 (1 овоз)

Pages

 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.